Дар бораи барнома

Мехоҳед, ба хона аз нуқтаи дилхоҳи ҷаҳон занг занед? Он гоҳ барномаи «Чӣ Гап» маҳс барои Шумо ва наздиконатон пешниҳод шудааст!!!

«Чӣ Гап» - нахустин барномаи мобилии миллии тоҷикӣ барои смартфонҳо мебошад, ки имкони РОЙГОН анҷом додани загҳои овозӣ, дар дохили барнома, ва ҳамчунин имконияти занг заданро ба рақамҳои мобилӣ ва шаҳрии Тоҷикистон бо нархҳои дастрас фароҳам меоварад.

Барнома «пули» заруриро барои муоширати ҳамватаноне, ки дар Россия, дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ва нафароне, ки дар хориҷа таҳсил ва зиндагӣ мекунанд ба вуҷуд оварда, наздикону пайвандон ва мардуми азизро бозҳам наздиктар месозад. Барномаи «Чӣ Гап» ба ҳазорон имкон медиҳад, ки ҳамеша дар алоқа онлайн бимонанд, ба дилхоҳ рақами телефоне, ки дар Тоҷикистон ҳаст SMS паемҳо намоянд ва ё занг зананд. Барномаи «Чӣ Гап» аз ҷониби ширкати Tcell (муфассал оиди ширкат дар сомонаи - www.tcell.tj) коркард ва моҳи апрели соли 2015 роҳандозӣ шуда, то инҷониб байни истифодабарандагони худ шуҳрати зиёд пайдо кардааст.


Бартарии барнома:

  • Бо нархи дастрас ба Тоҷикистон ва тамоми ҷаҳон занг занед.
  • Ирсоли SMS.
  • Тавозуни худро онлайн назорат кунед.
  • Ҳисоби худро пурра намоед (аз ҷумла, тавассути ТезСум).
  • Тавассути хизматрасонии "Муваққатӣ пардохт" аз Tcell қарзи муваққатӣ гиред.
  • Ба воситаи хизматрасонии «Интиқоли мобилӣ» аз тавозуни як рақами Tcell ба тавозуни дигар рақами Tcell маблағ гузаронед.
  • Пешниҳодҳои махсусро аз Tcell ба даст оваред ва аз хабар ва навгониҳои Tcell воқиф шавед.

Барои чӣ Чӣ Гап?

Бо баромаи «Чӣ Гап» дар гушаи дилхоҳи дунё қарор дошта метавонед:

  • РОЙГОН ба дигар истифодабарондагони «Чӣ Гап» занг занед.
  • МУФИД ба дилхоҳ рақамҳои Тоҷикистон занг занед.
  • ҚУЛАЙ аз барнома бо забони модарӣ истифода кунед.
  • НАЗОРАТИ осони тавозуни худ.

«Чӣ Гап»-ро боргирӣ намо