Саволҳо

Не, барои аз барномаи «Чӣ Гап» истифода бурдан лозим аст, ки пас аз расмиёти азқайдгузарӣ барои ба даст овардани логин ва ворид шудан ба барнома, рақами Tcell-ро харидорӣ намоед. Чунончи, барои истифодаи барнома дастрасӣ ба Интернет зарур аст, минбаъд, Шумо метавонед аз алоқаи мобилии ҳар гуна операторони мобилии дигар истифода баред.

Бале, метавонед, агар Шумо муштарии Tcell бо SIM-корт бошед, ба хизматрасонии роуминг (роуминги Воқеӣ ё Осон бо тавозуни мусбат зиёда аз 5 сомонӣ ва роуминги Байналмилалӣ зиёда аз 100 сомонӣ) пайваст бошед аз хизматрасониҳои алоқа ба воситаи барномаи мазкур, ҳангоми берун аз қаламрави Тоҷикистон қарор доштан истифода баред.

Шумо метавонед SIM-кортро аз марказҳои хизматрасонии дилхоҳи ширкати Tcell дастрас кунед. Барои ин лозим аст, ки шиносномаеро, ки аз руи он Шумо расмиёти азқайдгузарии «Чӣ Гап» анҷом дода будед, пешниҳод намуда, арзиши хизматрасонии иваз намудани SIM-кортро пардохт намоед.

Барномаи «Чӣ Гап» барои ҳамаи тарофаҳои овозии Tcell дастрас мебошад.

Айни замон истифодаи барнома танҳо ба воситаи смартфоҳои платформаашон Android ва iOS имконпазир мебошад.

Тавозуни аккаунти «Чӣ Гап» ва тавозуни рақами мобилии Tcell ягона мебошад. Онро бо усули стандартӣ пурра кардан мумкин аст: ба воситаи терминалҳои худхизматрасонӣ, дар марказҳои хизматрасонии Tcell ва ғайра.
Ӽангоми берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштан бо роҳҳои зерин тавозунро пурра кардан мумкин аст:
• агар Шумо дар ҳудуди Русия қарор дошта бошед, пас метавонед, ба тавозуни мобилии худ бо воситаи терминалҳои худхизматрасонии QIWI ва Евросет пардохт намоед. Агар Шумо дар ҳудуди дигар давлатҳои ҷаҳон қарор дошта бошед, имкон доред, ки тавассути ҳамёни QIWI тавозуни худро пурра гардонед.
• дар саросари Русия беш аз 120.000 терминалҳои QIWI мавҷуд аст, ки суроғаи онӽоро Шумо метавонед дар: https://qiwi.com/replenish/map.action дастрас намоед. Пардохти тавозун бо рубли русӣ, бо қурби QIWI Бонк (Русия) ба амал оварда мешавад. Қурби ҷорӣ дар экрани терминалҳои QIWI ӽангоми пардохт нишон дода мешавад. Бо дастурамали пурра кардани тавозун ба воситаи терминалҳои QIWI, инчунин метавонед тариқи: https://qiwi.com/support/request/faq/sms-ussd/any-mobile.action; ошно шавед;
• тавассути утоқҳои шахсии дорандагони кортҳои бонкӣ, пешакӣ аз бонки худ имкони пардохти алоқаи мобилиро аниқ кардан лозим аст;
• тавассути кортӽои экстпресс пардохти Tcell;
• тавассути хизматрасонии «SMS-маблағ» ва «Интиқоли мобилӣ».

Аз баски тавозуни (ҳисоб) «Чӣ Гап»-и шумо бо тавозуни мобилии шумо як аст, шумо метавонед тавозуни худро тариқи: терминалҳои худхизматрасонӣ, марказҳои хизматрасонии Tcell пур намоед. Агар шумо дар Русия бошед, шумо метавонед тариқи терминалҳои худхизматрасонии QIWI тавозуни худро пур намоед. Гузаронидани маблағ ба тавозуни ҳисоб бо рубли русӣ бо қурби асъори бонки QIWI (Русия) сурат мегирад. Қурби асъор ҳангоми пардохт дар оинаи терминалҳои QIWI нишон дода мешавад.
Если вы находитесь в других странах мира, то пополнение баланса возможно через QIWI кошелек.

Барои содир намудани занги видеоӣ, Шуморо лозим аст, ки "Занги ройгон"-ро ба рақамҳои дигар муштарии "Чӣ Гап " ирсол намоед. Баъд аз пайвастшавӣ бо муштарӣ тугмачаи «Камера»-ро пахш кардан лозим аст. Муштарии даъватшаванда низ бояд тугмачаи "Камера"-ро пахш намояд.

Бале, барнома «Чӣ гап»-ро Шумо метавонед, танҳо ҳангоми дастрас будани шабакаи интернет тавассути Wi-Fi ва ё 3G/4G истифода бубаред.

- Боварӣ ҳосил кунед, ки Шумо зери фарогирии сигнали мавҷи Wi-Fi, 3G ва ё 4G қарор доред. «Чӣ Гап» танҳо дар сурати пайвастагии босифат ва мӯътадил ба шабакаи интернет ҳамоҳанг хоҳад шуд; 
- Аз рӯхати тамосҳои телефони худ рақами телефони нафареро, ки аниқ аз барномаи «Чӣ Гап» итифода мебарад, хориҷ намуда > ба руйхати телефони худ онро аз нав ворид кунед > Тафтиш кунед, ки оё ҳамоҳангсозӣ ба миён омадаст ё не
- Таҷҳизоти худро хомуш карда аз нав даргирон созед.
- Агар ҳеҷ яке аз усулҳои зикргардида мушкилиро ҳал накунад, барномаи «Чӣ Гап»-ро фавз карда аз нав боргузорӣ намоед.

Ҷадвали Тамосҳои Шумо ба 2 қисмат ҷудо мешавад: «Телефон» ва «Чӣ Гап».
Дар қисмати «Телефон» руйхати ҳамаи тамосҳои телефонатон пайдо мешавад. Дар тамосхое, ки аллакай дар барномаи «Чӣ Гап» қайд шудаанд, дар паҳлуи номашон ишораи «Чӣ Гап» ба назар мерасад.
Дар қисмати «Чӣ Гап» Шумо танҳо нафароне, ки барномаи «Чӣ Гап»-ро доранд, мебинед.

Агар Шумо гумон баред, ки аккаунти «Чӣ Гап»-и Шуморо нафари дигар истифода мебарад, фавран ба хадамоти дастгирии техникӣ ChiGap@tcell.tj ё бо телефони +992 777 11 5555 (дар шабакаи Tcell, ва ё ҳангоми занг тавассути барномаи «Чӣ Гап», занг ройгон аст) хабар расонед. Ҳангоми муроҷиат Шуморо зарур меояд, ки аз руи маълумотҳои шиносномавии худ идентификасияро гузаред.

Агар воридшавии нахустин ба барнома тавассути рақами мавҷудаи Tcell амалӣ шуда бошад: зарур аст, ки SIM-корти рақами мазкури Tcell-ро ба дохили телефон гузошта, аз дастрасӣ ба шабакаи Tcell (агар Шумо дарҳудуди Тоҷикистон қарор дошта бошед) ё аз дастрасӣ ба шабакаи роуминги шарикон (агар Шумо берун аз ҳудуди Тоҷикистон қарор дошта бошед) боварӣ пайдо кунед. Рамз бояд тавассути SMS-паём ба рақами Шумо ворид шавад;

Да сурати тавсияҳои боло бароятон кӯмак нарасондан, ба хадамоти дастгирии техникӣ ChiGap@tcell.tj ё бо телефони +992 777 11 5555 муроҷиат намоед.

Барои чӣ Чӣ Гап?

Бо баромаи «Чӣ Гап» дар гушаи дилхоҳи дунё қарор дошта метавонед:

  • РОЙГОН ба дигар истифодабарондагони «Чӣ Гап» занг занед.
  • МУФИД ба дилхоҳ рақамҳои Тоҷикистон занг занед.
  • ҚУЛАЙ аз барнома бо забони модарӣ истифода кунед.
  • НАЗОРАТИ осони тавозуни худ.

«Чӣ Гап»-ро боргирӣ намо