Пурра намудани тавозун

Чӣ гуна ман метавонам ба тавозуни «Чӣ Гап» пардохт намоям?

Тавозуни аккаунти «Чӣ Гап» ва тавозуни рақами мобилии Tcell ягона мебошад. Онро бо усули стандартӣ пурра кардан мумкин аст: ба воситаи терминалҳои худхизматрасонӣ, дар марказҳои хизматрасонии Tcell ва ғайра.

Ӽангоми берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштан бо роҳҳои зерин тавозунро пурра кардан мумкин аст:

  • агар Шумо дар ҳудуди Русия қарор дошта бошед, пас метавонед, ба тавозуни мобилии худ бо воситаи терминалҳои худхизматрасонии QIWI ва Евросет пардохт намоед. Агар Шумо дар ҳудуди дигар давлатҳои ҷаҳон қарор дошта бошед, имкон доред, ки тавассути ҳамёни QIWI тавозуни худро пурра гардонед.
  • дар саросари Русия беш аз 120.000 терминалҳои QIWI мавҷуд аст, ки суроғаи онӽоро Шумо метавонед дар: https://qiwi.com/replenish/map.action дастрас намоед. Пардохти тавозун бо рубли русӣ, бо қурби QIWI Бонк (Русия) ба амал оварда мешавад. Қурби ҷорӣ дар экрани терминалҳои QIWI ӽангоми пардохт нишон дода мешавад. Бо дастурамали пурра кардани тавозун ба воситаи терминалҳои QIWI, инчунин метавонед тариқи: https://qiwi.com/support/request/faq/sms-ussd/any-mobile.action; ошно шавед;
  • тавассути ҳисоби телефони мобилӣ ва пардохти онлайн бо PayFon24.Барои пардохт кардан, ба https://payfon24.ru/tcell  гузаред ва шакли пардохтро пур намоед. Аввал раками телефони мобилии муштарии Тселлро ки Шумо мехохед пур кунед, баъд раками телефонии мобилии Шумо дар Русия, ки аз хисобаш маблаг мегузаронед ва маблаги пардохтро ворид кунед. Барои гузаронидани пардох комиссия ситонида мешавад, ки андозаи он дар поёни шакли пардохт нишон дода мешавад. Баъди пур кардани шакли пардохт тугмаи "Пардохт" -ро пахш кунед.Сипас SMS-ро бо дархости тасдиқ намудани амалиёт интизор шавед. Сипас пардохтро тасдиқ кунед.
  • тавассути утоқҳои шахсии дорандагони кортҳои бонкӣ, пешакӣ аз бонки худ имкони пардохти алоқаи мобилиро аниқ кардан лозим аст;
  • тавассути кортӽои экстпресс пардохти Tcell;
  • тавассути хизматрасонии «SMS-маблағ» ва «Интиқоли мобилӣ».

Барои чӣ Чӣ Гап?

Бо баромаи «Чӣ Гап» дар гушаи дилхоҳи дунё қарор дошта метавонед:

  • РОЙГОН ба дигар истифодабарондагони «Чӣ Гап» занг занед ё маём ирсол намоед.
  • МУФИД ба дилхоҳ рақамҳои Тоҷикистон занг занед.
  • ҚУЛАЙ аз барнома бо забони модарӣ истифода кунед.

«Чӣ Гап»-ро боргирӣ намо