СОЗИШНОМАИ ЛИТСЕНЗИЯ БО ИСТИФОДАБАРАНДАИ БАРНОМАИ «Чй Гап»

ҶСП “Идиго Тоҷикистон” (минбаъд дар матн “Оператор”), ки дар асоси Литсензияи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ таҳти рақами №11-022-Т аз 31.10.2011с. фаъолият менамояд, ба истифодабарандагон хизматрасониҳои зангҳои садоӣ, зангҳои видеоӣ ва пайёмҳои матнӣ тариқи барномаи литсензионӣ (минбаъд дар матн барномаи «Чӣ Гап») дар таҷҳизотҳои мобилӣ, ки барои боргирӣ ва насб намудан аз торнамои ҶСП «Индиго Тоҷикистон» дар суроғаи www.tcell.tj (минбаъд дар матн «торнамои Оператор») ва инчунин аз  Google Play Market ва Apple AppStore (минбаъд дар матн «Сайт») дастрас аст, пешниҳод менамояд. 
Созишномаи литсензияи мазкур (минбаъд адр матн “Созишнома”) як санади қонунии ҳатмӣ ба ҳисоб рафта байни Оператор ва Муштарӣ ба имзо расида, дорои ҳуқуқҳо ва ӯҳдадориҳои Муштарӣ ва Оператор оиди истифодабарии барномаи “Чӣ Гап” мебошад. Бо баробари истифода бурдани барномаи “Чӣ Гап” Муштарӣ бо шартҳои Созишномаи мазкур, қоидаҳои махфияти Оператор шинос буда онҳоро қабул менамояд.   

1. ТАВСИФИ УМУМИИ БАРНОМАИ ”ЧӢ ГАП”   
1.1. Барномаи “Чӣ Гап” ба Муштарӣ имкон медиҳад зангҳои садоӣ ва видеоӣ, табодили пайёмакҳои фаврии чатӣ, қабули зангҳое, ки ба таҷҳизоти Муштарӣ ба амал меояд, содир намудани зангҳои содиротӣ ба таҷзиҳоти Муштарии Муштариёни Оператор, инчунин ба рақамҳои муштариёни дигар ширкатҳои мобилӣ, иҷро намояд.   

2. ИСТИЛОҲҲО ВА ШАРҲИ ОНҲО   
2.1. Муштарӣ – шахси воқеӣ (шаҳрванд), соҳибкори инфиродӣ ё шахсони ҳуқуқӣ, ки бо Оператор шартномаи муносиб оиди хизматрасониҳо ва вогузорӣ намудани Рақами (рақамҳои) муштарӣ имзо намудааст, мебошад.   
2.2. Рақам – рақаме, ки дар шабакаи алоқа аз ҷониби Оператор ба Муштарӣ вогузорӣ шуда,  дар шабакаи алоқа таҷҳизоти муштариро бо/бидуни Сим‑корти Оператор дар он, айнан муайян менамояд.
2.3. Таҷҳизоти муштарӣ – таҷҳизоти интиҳоии қонунӣ истифодашавандаи Муштарӣ, ки ба Муштарӣ бо воситаи пайваст намудни таҷҳизоти мазкури интиҳоӣ дар шабакаи алоқаи Оператор барои дастрасӣ ба хизматрасониҳои Оператор истифода мешавад, мебошад.   
2.4. Мушахассоти Муштарӣ – бахши Утоқи муштарӣ буда, дар он мушахассоти шахсии ӯ: ному насаб, мушахассоти шиноснома ва дигар маълумотҳо, ки Муштарӣ ҳангоми бақайдгирӣ дар барномаи “Чӣ Гап” ҳатман ворид менамояд.   
2.5. Зангҳои IP-to-IP – зангҳое (садоӣ ва видеоӣ), ки тариқи барномаи “Чӣ Гап” дар шабакаи IP (аз ҷониби Муштарии барномаи “Чӣ Гап” истифодабаранда ба ҷониби Муштарии барномаи “Чӣ Гап” истифодабаранда) оғоз ё хотима мегардад.   
2.6. Зангҳои SIP IN – зангҳое, ки дар шабакаи телефонӣ оғоз ёфта дар шабакаи IP (ба ҷониби Муштарии барномаи “Чӣ Гап” истифодабаранда) хотима мегардад.   
2.7. Зангҳои SIP OUT – зангҳое, ки дар шабакаи IP (аз ҷониби муштарии барномаи “Чӣ Гап” истифодабаранда) оғоз ёфта дар шабакаи телефонӣ (ба Муштарие, ки ҳангоми қабули занг барномаи “Чӣ Гап” истифода наменамояд) хотима мегардад.   
2.8. Чат – воситаи мубодилаи пайёмҳо тариқи шабакаи роёна (компютер) дар режими воқеӣ, инчунин тариқи барномае, ки барои рӯй додани чунин мубодила шароит фароҳам меорад.   
2.9. Ҳисоби шахсӣ – сабти номи ҳисобдори таҳлилӣ дар ХМИ-и Оператор, ки ба Муштарӣ амалиёт дар ҳисоби шахсӣ оиди пешниҳоди хизматрасонӣ ва пардохти онҳо нишон медиҳад, муқаррар мегардад.   
2.10. Номи корбар – Рақами муштарӣ ва рамз, ки барои ворид шудан ба барномаи “Чӣ Гап” муқаррар шудааст.   
2.11. Ҳисоби Муштарӣ – сабт дар базаи мушаххасоти Платформаи барномаи “Чӣ Гап”, ки дар он маълумот оиди Муштарӣ ва аз он ҷумла, вале на маҳдуд ба, Номи корбар нигаҳ дошта мешавад.   
2.12. Боздошт – масдудияти дастрасии Муштарӣ ба барномаи “Чӣ Гап” аз ҷониби Оператор аз он ҷумла, вале на маҳдуд ба ҳолатҳое, ки дар ҳисоби Муштарӣ вуҷуд надоштани маблағи кофӣ барои истифодаи барномаи “Чӣ Гап”, ё пешниҳод намудани маълумоти нодуруст, кӯҳна, нопурра ҳангоми пур намудани Мушахассоти Муштарӣ, суръат мегирад.   
2.13. Ҳол – функсияи барномаи “Чӣ Гап”, ки барои дидани вазъи ҳамсӯҳбат имкон медиҳад: “онлайн”, “ғоиб будан”, “ҳузур надоштан”, “пинҳон” ва ғайроҳо. Муштарӣ вобаста ба ҳоли худ метавонад ҳоли худро интихоб намояд ё ки ҳол бо тарзи автоматикӣ тағийр меёбад.   

3. ФУНКСИЯҲОИ БАРНОМАИ “ЧӢ ГАП” 
3.1. Барномаи “Чӣ Гап” ба Муштарӣ имкон медиҳад функсияҳои зеринро истифода барад:   
• Содир ва қабул намудани зангҳои садоӣ ва видеоӣ тариқи IP-to-IP;   
• Содир ва қабул намудани зангҳо ба/аз шабакаҳои телефонӣ (SIP IN ва SIP OUT);   
• Мубодилаи чат-пайёмҳо тариқи IP-to-IP;   
• Илова намудан ё тағийр додани мушахассоти шахсии худ;   
• Ҷустуҷӯ намудани дигар Муштариёни барномаи “Чӣ Гап” аз рӯи маълумоти мушахассгардида;   
• Идора намудани ҳоли худ дар барномаи “Чӣ Гап”;   
• Аз сарчашмаи Оператор насб намудани барӯзгардонии барномаи “Чӣ Гап”.
3.2. Дастрасии функсияҳо аз Ҳоли ҳозир будани дигар Муштарӣ, мавҷуд будани рақами телефон дар рӯйхати тамосҳо, инчунин мавҷуд будани барномаи “Чӣ Гап” дар таҷҳизоти дигар Муштарӣ вобаста аст.   
3.3. Функсияҳои барномаи “Чӣ Гап” метавонад бо ихтиёри Оператор дар ҳама ҳолат тағийр ёбад, ки бо он тағийротҳо Муштариён метавонанд аз торнигори Оператор ё аз Сайт шинос шаванд.   

4. МАҲДУДИЯТИ ИСТИФОДАБАРИИ БАРНОМАИ “ЧӢ ГАП”   
4.1. Созишномаи мазкур то лаҳзаи барҳам додани он аз ҷониби Муштарӣ ё аз ҷониби Оператор эътибор дорад. Муштарӣ метавонад дар лаҳзаи дилхоҳ Созишномаи мазкурро бекор намояд ва/ё бо ихтиёри худ аз истифодаи барномаи “Чӣ Гап” даст кашад. 
4.2. Оператор дар навбати худ дар лаҳзаи дилхоҳ метавонад Созишномаи мазкурро бо Муштарӣ бекор намояд, муваққатан ё то абад дар ҳолатҳои зерин имкони истифода бурдани барномаи “Чӣ Гап” аз ҷониби Муштариро роҳ надиҳад: 
4.2.1. риоя накардани шартҳои Созишномаи мазкур аз ҷониби Муштарӣ; 
4.2.2. агар Оператор асос дошта бошад, ки Муштарӣ бо истифода аз барномаи “Чӣ Гап” қонуншиканӣ ё ҳуқуқи ҷониби сеюмро вайрон менамояд; 
4.2.3. агар Оператор асос дошта бошад, ки Муштарӣ кӯшиш беинсофона ё барои манофеи шахсии худ аз барномаи “Чӣ Гап” истифода менамояд; 
4.2.4. агар Оператор асос дошта бошад, ки Ҳисоби Муштарӣ аз ҷониби шахси сеюм бо мақсади фиребгарӣ истифода мегардад; 
4.2.5. агар бинобар бо ворид намудани тағийрот дар қонунгузорӣ ва (ё) санадҳои ҳуқуқии воҳидҳои танзимкунандаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарурят пайдо шавад; 
4.2.6. агар ҳангоми бақайдгирӣ дар барномаи “Чӣ Гап” Муштарӣ маълумоти нодуруст, кӯҳна, нопурра пешниҳод намояд; 
4.3. Ҳамаи маводҳои аз ҷониби Муштарӣ нашршаванда, фиристодашаванда, қабулшаванда тариқи барномаи барномаи “Чӣ Гап”, аз он ҷумла, вале на маҳдуд ба матни Ҳол, аксҳо, видео ва дигар робитаҳо якҷоя «Маводҳои Муштарӣ» номида мешавад. Чунин Маводҳои Муштарӣ метавонад дар доираи барномаи “Чӣ Гап” аз ҷониби Муштарӣ ҷойгузорӣ ва нашр гардад ва онро дигар Муштариёни барномаи “Чӣ Гап” метавонанд бубинанд. Муштарӣ эътироф менамояд ва розӣ ҳаст, ки ҳар Маводҳои Муштарӣ метавонад аз ҷониби дигар Муштариён, ки дорои Рақами муштарӣ ва барномаи “Чӣ Гап”, ки дар таҷҳизоте муштарӣ насб шудааст, дида шавад. 
4.4. Оператор нисбат ба ягон Маводҳои Муштарӣ кафолат намедиҳад. Муштарӣ барои Маводҳои шахсии худ, ва барои натиҷаи ҷойгузорӣ ва нашрнамоии Маводҳои Муштарии худ комилан ӯҳдадор мебошад. Маводҳои Муштарӣ мавқеъ ва/ё муносибати Оператор ба онҳоро баён наменамояд, ва Оператор барои саҳеҳӣ, дурустӣ ва ҳолати ҳуқуқии ягон Маводҳои Муштарӣ кафолат намедиҳад. 
4.5. Ҳангоми истифодабарии барномаи “Чӣ Гап” Муштарӣ метавонад бо маълумоте, ки мумкин аст таҳқиромез, ношоиста ё номатлут ҳисобида шавад, бархӯрад. Бо вуҷуди ин, бо такия ба таваккал Муштарӣ барои истифодаи барномаи “Чӣ Гап” розӣ мегардад ва Оператор дар назди Муштарӣ барои мундариҷае, ки мумкин аст таҳқиромез, ношоиста ё номатлут ҳисобида шавад, ӯҳдадор немегардад. 
4.6. Оператор барои дастрас намудани истифодабарии барномаи “Чӣ Гап” дар ҳар ҷо ӯҳдадор нест. Муштарӣ бо ихтиёри худ барномаи “Чӣ Гап”-ро истифода менамояд ва барои риояи қонунҳои амалкунанда худаш ӯҳдадор аст. Оператор ҳақ дорад дар ҳама ҳолат ҳангоми риоя нашудани шартҳои Созишномаи мазкур ва/ё фармони мақомотҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастрасии Муштари ба барномаи “Чӣ Гап”-ро тағийр, боздошт, бартараф ва ё масдуд намояд.   

5. ТАРОФАГУЗОРӢ         
5.1. Барномаи “Чӣ Гап” тарофагузории зангҳои  SIP OUT аз рӯи истифодаи он ва мутобиқи тарофаҳои Оператор ки дар торнамои Оператор нашр шудааст, ба назар мегирад. 
5.2. Зангҳои садоӣ ва видеоии SIP IN, IP-to-IP ва чатҳои IP-to-IP дар барномаи “Чӣ Гап”, ғайр аз пардохти хизматрасонҳои интиқоли маълумот мутобиқи нақшаи тарофавии амалкунандаи Муштарӣ дар ҳамон замон, тарофагузорӣ намешавад. 
5.3. Ҳисоббарорӣ аз ҳисоби шахсии Муштарӣ, ки ба ӯ Рақами Муштарӣ тааълуқ дорад, суръат гирифта мувофиқи тарофагузории амалкунандаи барномаи “Чӣ Гап” ҳисоб карда мешавад. Бо тарофаҳои барномаи “Чӣ Гап” метавон аз торнамои Оператор шинос шуд. 
5.4. Агар Муштарӣ дар як вақт бо чанд Муштариёни дигар дар режими телеконфронс зангҳои садоӣ тариқи SIP OUT оғоз намояд, дар ин ҳолат зангҳо аз рӯи миқдори зангҳо (Муштариёни дар конфронс иштироккунанда), мутобиқи тарофаҳои муқарраргаштаи барномаи “Чӣ Гап” тарофагузорӣ мегардад. 
5.5. Оператор ҳақ дорад дар ҳама ҳолат бо пешакӣ огаҳ намудани Муштарӣ ба тарофаҳои барномаи “Чӣ Гап” тағийрот ворид намояд, ки бо он тағийротҳо аз торнамои Оператор шинос шудан мумкин аст. 
5.6 Оператор ҳақ дорад яке ва ё ҳама функсияҳои барномаи “Чӣ Гап”-ро барои истифода, дар муддати муайян, ройгон пешниҳод намояд.
    

6. ТАРТИБИ БАҚАЙДГИРӢ ДАР БАРНОМАИ “ЧӢ ГАП”   
6.1. Муштарӣ аз торнамои Оператор ва ё Сайт барномаи “Чӣ Гап”-ро боргирӣ менамояд; 
6.2. Муштарӣ мувофиқи дастурамал оиди насбгардонӣ дар таҷҳизоти муштарӣ барномаи “Чӣ Гап”-ро насб менамояд; 
6.3. Ҳангоми Муштарӣ доштани рақами мавҷудаи фаъол, Муштариро лозим аст мутобиқи дастурамал рақами фаъоли худро ворид намуда бо шартҳои Созишнома розӣ шуда онҳоро қабул менамояд. 
6.4. Ҳангоми Муштарӣ надоштани рақами мавҷудаи фаъол, Муштариро лозим аст ҷараёни бақайдгириро гузарад, ки дар натиҷаи он Муштарӣ соҳиби Рақам ва Номи корбар мегардад. 
6.5. Барои соҳиби Рақам ва Номи корбар гаштан, Муштариро лозим аст: 
6.5.1. Маълумотҳои зеринро, ки ба Мушахассоти Муштарӣ тааълуқ дорад, ҳатман пешниҳод намояд: 
• Ному насаб; 
• Рақами шиносномаи амалкунанда; 
• Рӯзи таваллуд; 
• Рақами мобилии фаъол, ки бояд бо формати байналмиллалӣ ворид шавад, ё суроғаи электронӣ барои қабул намудани Номи корбар пешниҳод гардад;   
6.5.2. Акс/нусхаи шиносномаи амалкунандаро, ки он нусха бояд мувофиқи формат дарҷгардида сифат ва андозаи муносиб дошта, боргузорӣ намояд. 
6.5.3. Муштарӣ дар барномаи “Чӣ Гап” бо Созишнома ва шартҳои он шинос шуда, тариқи пахши тугмачаи «Бо шартҳои Созишнома розӣ ҳастам» розигии худро медиҳад; 
6.6. Баъди мутобиқи банди 6.3 ё 6.4-6.5 гузаштани бақайдгирӣ, Муштарӣ Номи корбарро ба Рақам ё суроғаи электронии пешниҳоднамудааш қабул менамояд. Ворид намудани Номи корбар ба Муштарӣ имкон медиҳад ҷараёни бақайдгириро дар барномаи “Чӣ Гап” хотима дода ба ӯ имкони истифода пешниҳод мегардад. 
6.7. Дар ҳолате, ки агар ҳангоми бақайдгирӣ бо формати дигар пур намудани яке аз маълумотҳо, ба Муштарӣ аз нав пешниҳод намудани маълумот ва дубора гузаштани ҷараёни бақайдгирӣ ва қабули Номи корбар пешниҳод мегардад. Дар ҳолати аз ҷониби Муштари иҷро нагаштани талаботҳои пешниҳоди маълумот ва/ё аз пешниҳод гаштани маълумоти номувофиқ, Оператор ҳақ дорад бақайдгириро барои Муштарӣ радд ё онро масдуд намояд. 
6.8. Ҳангоми дар ҷараёни бақайдгирӣ, мутобиқи шартнома оиди пешниҳоди хизматрасонӣ ва рақам пешниҳод гаштани Рақаб ба Муштарӣ, бо онҳо метавон аз торнамои Оператор шинос шуд. 
6.9. Муштарӣ мустақилона барои пешниҳоди маълумот дар Мушахассоти Муштарӣ мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадор аст.   

7. РОЗИГӢ БАРОИ ИСТИФОДАИ МАЪЛУМОТҲО 
7.1. Оператор маълумотҳои истифодабарии барномаи “Чӣ Гап” аз ҷониби Муштариро, аз он ҷумла маълумоти шахсии Муштариро мутобиқи қоидаҳои тасдиқшудаи махфият аз ҷониби Оператор, ба даст меорад, ҷамъ менамояд ва аз он истифода менамояд. 
7.2. Бо баробари бо барномаи “Чӣ Гап” истифода бурдани Муштарӣ, ӯ бо он, ки Оператор метавонад маълумотҳои техникӣ ва маълумоти мувофиқшуда, аз он ҷумла, вале на маҳдуд ба маълумоти техникии таҷҳизоти Муштарӣ, маълумот оиди система ва барномаи музофотӣ, ки аз ҷониби Оператор  барои барӯзгардонӣ/ворид намудани тағийрот ба функсияҳои барномаи “Чӣ Гап”, ва дигар хизматрасониҳои ба барномаи “Чӣ Гап” тааълуқдошта (дар ҳолати вуҷуди он) ҷамъ мегардад, истифода намояд.    

8. ТАҒИЙРОТ БА СОЗИШНОМАИ МАЗКУР 
8.1. Оператор дар ҳама ҳолат метавонад ба Созишномаи мазкур тағийрот ворид намояд. Тағийротҳо дар торнамои Оператор нашр гашта аз замони нашри он эътибор дорад. 
8.2. Муштариён оиди тағийротҳо ба Созишномаи мазкур ва ё қатънамоии Созишномаи мазкур 10 (даҳ) рӯз пеш эътибор гирифтани чунин тағийротҳо огаҳ мегарданд. Созишномаи мазкур аз лаҳзаи дар огоҳӣ мушахассшудаи он тағийрёфта ё қатъгардида ҳисобида мешавад. 
8.3. Агар Муштарӣ дар давоми 10 (даҳ) рӯз аризаи норозигии худ оиди ворид намудани тағийротҳо ба Созишномаро ё радди қабули тағийротҳоро ба ҷониби Оператор ирсол нанамояд, ва/ё баъди эътибор гирифтани чунин тағийротҳо бо барномаи “Чӣ Гап” истифодабариро давом диҳад, чунин тағийротҳо аз ҷониби Муштарӣ қабулшуда ҳисобида мешавад.   

9. ӮҲДАДОРИҲОИ МУШТАРӢ 
9.1. Муштарӣ барои ҳамаи амалиётҳое, ки дар Ҳисоби муштарӣ рӯй медиҳад, ӯҳдадор аст ва дар ҳолати ғайриқонунӣ истифода шудан ва ё вайроншавии бехатарии Ҳисоби муштарӣ, Муштарӣ саривақт Операторро огаҳ месозад. Оператор барои зараре, ки ба ҷониби Муштарӣ дар натиҷаи истифодабарии барномаи “Чӣ Гап” бо/бидуни хабар доштани Муштарӣ расонида шудааст, ӯҳдадор намебошад. 
9.2. Муштарӣ ҳақ надорад: 
9.2.1. маълумоте, ки барои Муштарӣ тааълуқ надорад онро ба даст орад, гӯш диҳад, вайрон намояд ё дар мубодилаи он монеъ шавад; 
9.2.2. бо мақсади ғалатсозӣ, несткунӣ, зараррасонӣ, тақлидкорӣ ва ё шикасти пуррагии барномаи “Чӣ Гап”-ро аз ягон барномаҳои кодӣ - «вирусҳоb компютерӣ», «троянҳои компютерӣ», «кирмҳои компютерӣ», «бомбаҳои суст амалкунанда» истифода намояд; 
9.2.3. бидуни розигии гирандагони пайёмҳои тӯдаи тиҷоратӣ (инчунин бо номи «СПАМ» машҳуранд), ки мутобиқи муқаррароти амалкунандаи қонунгузорӣ манъ гаштаанд, ё бо мақсади «фишинг» («ба даст овардани маълумоти боарзиш), ё бо мақсади «фарминг» (равона намудани трафик ба ягон торнамоҳои махсус), ё бардурӯғ намудани ҳувияти худ ё тақлидкории алоқаи худ ба дигар ҷониб ё ширкат, аз барномаи “Чӣ Гап” истифода намояд; 
9.2.4. ба дигар Муштариён маводҳои характери таҳқиромездошта ё маводҳои эҳтимолан ба шахсони ба балоғат нарасида, маводҳои дорои характери қабеҳ ё дигар маводҳои хатактери номатлубдоштаро фиристад; 
9.2.5. кӯшиш намояд барои сохтани мамоният ё носозӣ ба ҷониби сеюм барои таҳдид ё дахолат кардан ба ҳаёти шахсии ҷониби сеюм, барномаи “Чӣ Гап”-ро истифода барад; 
9.2.6. Маводҳои Муштарӣ, ки аз рӯи қонун ба ҷониби сеюм тааълуқ дорад, ғайр аз ҳолатҳое, ки вақте ки Муштарӣ розигии шахсони дорои чунин ҳуқуқҳоро дорад, истифода барад; 
9.2.7. барои ба даст овардани маълумоти махфӣ, аз он ҷумла, номи дигар Муштариён барномаи “Чӣ Гап”-ро истифода барад; 
9.2.8. барои дастрас будани функсияҳои барномаи “Чӣ Гап”, хусусан, тариқи ҳуҷумҳои DOS (denialofservice – қатъи хизматрасонӣ) ё DDoS (distributeddenialofservice – қатъи хизматрасонии тавзифшуда), таъсир намояд ва ё кӯшиш намояд таъсир намояд.   

10. ҚОИДАИ БОЗГАРДОНИДАНИ МАБЛАҒ 
10.1. Агар Муштарӣ барои тарофагузоришавии зангҳо тариқи барномаи “Чӣ Гап” на аз рӯи тарофаи Оператор бовар дошта бошад, ӯ ҳуқуқ дорад дар давоми 30 (сӣ) рӣз аз лаҳзаи нодуруст рӯй додани чунин тарофагузорӣ ба тарзи хаттӣ ба Оператор аризаи худро пешниҳод намояд. Талаботҳо оиди бозгардонидани маблағ баъди гузаштани 30 (сӣ) рӯз аз лаҳзаи нодуруст рӯй додани чунин тарофагузорӣ беэътибор дониста мешавад. 
10.2. Оператор, агар гумон дошта бошад, ки: (а) Муштарӣ кӯшиш дорад беинсофона аз қоидаҳои бозгардонидани маблағ сӯиистифода менамояд, масъалан, як чанд маротиба аризаи барои бозгардонидани як маблағи баҳсшаванда (оне, ки пештар баҳсшудааст) пешниҳод менамояд; (б) Муштарӣ шартҳои Созишномаи мазкурро риоя наменамояд; (в) аз рӯи маълумотҳои ба Оператор буда, Муштарӣ бо мақсади фиребгарӣ ё дар ҳолате, ки Ҳисоби муштарӣ аз ҷониби сеюм ба мақсадҳои қаллобӣ истифода мегардад, ҳақ дорад ариза оиди бозгардонидани маблағро радд намояд.   

11. МОЛИКИЯТИ ХУСУСӢ 
11.1. Барномаи “Чӣ Гап”, аз он ҷумла торнамои Оператор, инчунин нишони тиҷоратии “Чӣ Гап” ва нусхаи онҳо бо ҳуқуқҳои муаллиф ва дигар қонунгузориҳо оиди моликияти маънавӣ махфуз гаштааст. 
11.2. Оператор соҳиби ном, ҳуқуқи муаллиф ва дигар ҳуқуқҳои маънавии барномаи “Чӣ Гап” ва нусхаи онҳо, тағийротҳо ба он, ва барномаи асосӣ (аз он ҷумла баёнҳои Муштариён оиди барномаи “Чӣ Гап”) ба ҳисоб меравад. 
11.3. Мутобиқи шартҳои муқарраргаштаи шарти 13-ум, ҳуқуқҳо нисбат ба литсензияи барномаи ҷониби сеюм махфуз шудаанд. Бо литсензияи барнома розӣ шудан, Шумо бо шартҳои муқарраргаштаи шарти 13-уми литсензияи барнома, розӣ ҳастед.     

12. ҲАЛЛИ БАҲСҲО 
12.1. Ҳамаи баҳсҳо ва шикоятҳое, ки аз Шартномаи мазкур, бармеоянд бояд бо роҳи гуфтушунидҳо ҳал карда шаванд. Дар ҳолате, ки агар Ҷонибҳо бо роҳи гуфтушунидҳо ба созиш наоянд, баҳсҳо тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба додгоҳи иқтисодӣ пешниҳод мегардад.     

13. БАРНОМАИ ШАХСОНИ СЕЮМ 
13.1. Дар ин барнома, барномаи шахсони сеюм истифода шудааст, ки таҳти шартҳои литсензияиҳои зерин муқаррар шудаанд: 

Qt 4.4.0: Копирайт (C) 2008-2010 Ширкати Нокия ва / ё ширкатҳои ба он тааълуқ. Нусхаи мазкур барои тиҷорати шартномаи литсензиявӣ омода шудааст. Оиди шартҳои литсензия, ба инҷо нигаред: http://qt.nokia.com/products/licensing/licensing # qt-commercial-license 

PJSIP 1.8: Копирайт (C) 2009 Teluu LLP. Нусхаи мазкур барои тиҷорати шартномаи литсензиявӣ омода шудааст. Оиди шартҳои литсензия, тавассути имейлҳои зерин тамос гиред: contact@teluu.com 

Майкрасофт Visual Studio 2010 C / C + + Library of Operation: Копирайт (C) 2010 Майкрасофт Корпорейшн. Оиди шатҳои литсензия, лутфан ба шартномаи литсензиявӣ, ки тариқи Visual Studio 2010 пешниҳод гаштааст, нигаред. 

OpenSSL: Копирайт (C) 1998-2008 Лоиҳаи OpenSSL. Ҳамаи ҳуқуқҳо махфузанд. Копирайт (C) 1995-1998 Eric Young. Оиди шартҳои литсензия, ба инҷо нигаред: http://www.openssl.org/source/license.html 

log4cxx: Копирайт (C)  Apache Software Foundation. Оиди шартҳои литсензия, ба инҷо нигаред: http://www.apache.org/licenses/LICENSE-2.0 

libSRTP: Копирайт (C) 2001-2006 аз Cisco Systems, Inc. Ҳамаи ҳуқуқҳо махфузанд. Оиди шартҳои литсензия, ба инҷо нигаред: http://srtp.sourceforge.net/license.html    

PortAudio: Копирайт (C) 1999-2000 Phil Burk. Оиди шартҳои литсензия, ба инҷо нигаред: http://portaudio.com/license.html 

SPEEX: Копирайт (C) 2002-2005 Xiph.org Foundation, Жан-Марк Валин, Дейвид Роу, EpicGames, Analog Devices. Оиди шартҳои литсензия, ба инҷо нигаред: http://www.speex.org/docs/manual/speex-manual/node15.html 

GSM Codec 06.10: Копирайт (C) 1992, 1993, 1994 аз Ҷутта Дегенер ва Карстен Борманн. Оиди шартҳои литсензия, ба инҷо нигаред: http://www.pjsip.org/licensing.htm 

FFmpeg Кодек lib: Копирайт (C) 2000-2008 Фабрис Беллар, ихтироъкунандаи FFmpeg. Оиди шартҳои литсензия, ба инҷо нигаред: http://www.gnu.org/licenses/old-licenses/lgpl-2.1.html , http://www.ffmpeg.org/legal.html 

Ogg, Theora: Копирайт (C) 2011 Xiph.org Foundation. Оиди шартҳои литсензия, ба инҷо нигаред: http://www.xiph.org/licenses/bsd/ 

x264 Commercial Software: Копирайт (C) x264, LLC. Оиди шартҳои литсензия, ба инҷо нигаред: http://x264licensing.com 

AVC: Копирайт (C) 2014 MPEG LA LLC. Оиди шартҳои литсензия, ба инҷо нигаред: http://www.mpegla.com 

iLBC Codec : Копирайт (C) 2011 The WebRTC project authors. Оиди шартҳои литсензия, ба инҷо нигаред: http://trac.pjsip.org/repos/wiki/PJSIP-Detail-License#iLBCCodec 

MediaStreamer2 : Копирайт (C) Belledonne Communications. Нусхаи мазкур барои тиҷорати шартномаи литсензиявӣ омода шудааст. Оиди шартҳои литсензия, тавассути имейлҳои зерин тамос гиред:contact@belledonne-communications.com              

Android-ViewBadger: Копирайт (C) 2011 readyState Software Ltd. Оиди шартҳои литсензия, ба инҷо нигаред: https://github.com/jgilfelt/android-viewbadger/blob/master/LICENSE

 

Барои чӣ Чӣ Гап?

Бо баромаи «Чӣ Гап» дар гушаи дилхоҳи дунё қарор дошта метавонед:

  • РОЙГОН ба дигар истифодабарондагони «Чӣ Гап» занг занед.
  • МУФИД ба дилхоҳ рақамҳои Тоҷикистон занг занед.
  • ҚУЛАЙ аз барнома бо забони модарӣ истифода кунед.
  • НАЗОРАТИ осони тавозуни худ.

«Чӣ Гап»-ро боргирӣ намо