Бақайдгири

Ки метавонад барномаро истифода барад?

  • Муштариёни Tcell;
  • Муштариёне, ки имконияти муроҷиат намудани ба маркази хизматрасони надоранд ё берун аз ҶТ қарор доранд.

1 қадам: Истифодабарии барномаро чи тавр шурӯъ кард?

  • Боварӣ ҳосил кунед, ки шумо ба шабакаи 3G, 4G ва Wi-Fi пайваст ҳастед;
  • Боргирӣ намудани барнома аз AppStore ё Google Play вобаста аз системаи оператсионии телефони мобилии шумо.

2 қадам: Чӣ тавр бояд бақайдгири намуд?

  Баъд аз боргирӣ ва сабт намудани барнома, дар саҳифаи асосӣ шумо бояд тугмачаи «Бақайдгири»-ро пахш намоед.

  1. Дар экран саҳифа бо саволи «Шумо рақам аз Tcell доред?» пайдо мешавад
  2. Тугмачаи «Бале»-ро пахш намоед
  3. Пас, рақами Tcell-и худро ворид намоед (шарти ҳатми: SIM-корт бояд дар телефон бошад барои қабул намудани рамз)
  4. Бо шартҳои истифодабарии барнома шинос шавед, онро қабул намуда, тугмачаи «SMS»-ро пахш намоед
  5. Баъдан, ба шумо тариқи SMS рамз бо матни 6 аломат фиристода мешавад
  6. Дар саҳифаи кушодашуда шумо бояд дар чое, ки ном (рақами Tcell) ва рамз ишора шудааст, онро ворид намоед ва ҳамин тавр шумо барномаи Чӣ Гап худро бақайд мегиред.

Барои чӣ Чӣ Гап?

Бо баромаи «Чӣ Гап» дар гушаи дилхоҳи дунё қарор дошта метавонед:

  • РОЙГОН ба дигар истифодабарондагони «Чӣ Гап» занг занед ё маём ирсол намоед.
  • МУФИД ба дилхоҳ рақамҳои Тоҷикистон занг занед.
  • ҚУЛАЙ аз барнома бо забони модарӣ истифода кунед.

«Чӣ Гап»-ро боргирӣ намо